Дар Абузабӣ ҷалби сармояи ADFD барои идомаи сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ (ADFD) Муҳаммад Саиф Ал Сувайдӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Султон Раҳимзода имконияти васеи энергетикии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи энергияи «сабз»-ро муаррифӣ намуда, аз ADFD даъват ба амал овард, ки дар татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сармоягузорӣ намояд.
Ал Сувайдӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории дуҷониба омодагии ADFD-ро барои баррасии имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика иброз дошт. Ӯ гуфт, ки ADFD дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар кишварҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад ва мехоҳад ин ҳамкориро бо Тоҷикистон низ густариш диҳад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар рӯдхонаи Вахш сохта мешавад, пас аз анҷом ёфтан бо иқтидори 3 600 мегаватт бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ин неругоҳ на танҳо талаботи дохилии Тоҷикистонро бо неруи барқ таъмин мекунад, балки имконияти ба кишварҳои ҳамсоя содирот намудани барқро низ фароҳам меорад.
Ин мулоқот қадами муҳиме дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» арзёбӣ мегардад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






