Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе-сарзамини тахти воло» ҳамоиши илмӣ доир шуд

Апрель 21, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе-сарзамини тахти воло» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки  имрӯз Душанбе- пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маркази бузурги илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмии миқёси байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Омилҳое, ки ба ин мусоидат намудаанд, қабл аз ҳама, бо фаъолияти шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонии пойтахти ҷумҳурӣ ва кулли Тоҷикистон алоқаманд мебошанд. Ҳамзамон фаъолияти роҳбарияти шаҳр низ давоми чанд соли охир барои рушди пойтахт имконияти заруриро барои банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ тақвият бахшидааст.

Марказҳои бузургтарини илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва филиалҳои ин гуна муассисаҳо аз мамлакатҳои хориҷӣ маҳз дар пойтахт ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дорои кадрҳо ва инфрасохтори зарурӣ барои баргузории симпозиум, конфронсҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ мебошанд.

Шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар маҷмуъ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар маърузаҳояҳояшон аз таърихи пайдоиш ва рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар замони муосир сухан гуфтанд.

 

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Апрель 21, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд