Дар ҷаласаи 66-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 500 миллиард кВт-соат дар як солро ташкил медиҳад, ки то имрӯз танҳо 4 фоизи он мавриди истифода қарор гирифтааст. Чунин изҳор дошт Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи 66-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШЭЭ ИДМ), ки дар шаҳри Қазони Русия баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа Далер Ҷумъа ҳамзамон ба аҳамияти лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи «САSA-1000» ишора намуда, иброз дошт, ки 31 марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғистон бо иштироки Сарварони давлатҳо ба истифода дода шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо ишора ба иқтидори бойи энергетикии Тоҷикистон гуфт, ки тамоми кӯшишҳо ба истифодаи пурраи иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ равона гардида, дар ин замина сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори умумии 3 780 МВт идома дорад.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории энергетикӣ дар доираи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд. Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв «Дар бораи стратегияи рушди энергетикаи Федератсияи Русия то соли 2050» ва раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тарас Купчиков «Дар бораи таҳияи стратегияи рушди Комплекси сӯзишворӣ-энергетикии неругоҳҳои электрикии давлатҳои иштирокчии ИДМ» маъруза намуданд.
Дар ҷаласа сана ва макони баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






