Дар ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ ҷалби сармоя ба Тоҷикистон баррасӣ шуд

Апрель 11, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои  ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Муайян кардани самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар ва роҳҳои ҷалби сармоя» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад.

Ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардида, барои таъмини рушди устувори мамлакат нақши назаррас дорад. Аммо ҳанӯз ҳам дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ барои ноил шудан ба ҳадафу афзалияти Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳо бояд корҳои зиёд ба анҷом расанд.

Дар ҷаласа гузориши муовини якуми Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби кумита барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя якчанд тадбири зарурӣ андешида шуда, барои бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Дар анҷоми ҷаласа аъзои ситод қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд