Дар Қазон Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2025 ва намоишгоҳи «KazanEnergyExpo» доир гардид

Апрель 3, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз афзалияти сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии кишварҳо ба энергияи тоза ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ маҳсуб мешавад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер  Ҷумъа дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2025», ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2025» Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв, намояндагони вазоратҳои энергетикаи кишварҳои хориҷӣ, ширкатҳои бузурги истеҳсолкунанда ва таъминкунандагони таҷҳизот, корпоратсияҳо ва холдингҳои энергетикӣ иштирок намуданд.

Дар форум Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳамкории мутақобили судманд ва муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сухан намуда, гуфт, ки «ин форум на танҳо платформаи муҳими баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи энергетика мебошад, балки марҳилаи муҳим дар ташаккули назари нав ба ояндаи технологияҳои энергетикӣ, рушди устувор ва навоварӣ ба шумор меравад».

Пас аз анҷоми маросими ифтитоҳ иштирокдорон намоишгоҳи «KazanEnergyExpo»-ро тамошо намуданд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 90 ширкати соҳаи энергетика аз 17 минтақаи Русия ва чанд кишвари хориҷӣ иштирок намуда, дониш ва технологияҳои пешқадами худро муаррифӣ намуданд. Инчунин дар бораи лоиҳаҳои умедбахши такмили инфрасохтори энергетикӣ маълумот дода шуд.

АКС: Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад