Дар Боғи «Агробиолабораторӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ корхонаи истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар ҳудуди Боғи «Агробиолабораторӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ оғоз бахшида шуд.
Корхона дар 0,6 гектар бунёд гардида, дар он зиёда аз 20 намуди моеъҳои шӯянда ва косметологӣ истеҳсол карда мешавад.
Масъалаи пешрафти илму маориф ва татбиқи он дар истеҳсолоту иқтисодиёти мамлакат дар меҳвари вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ қарор дошт. Маҳз дар ҳамин замина бо истифода аз иқтидори илмии донишгоҳ ва ҳамкории байналмилалии он чунин корхона сохта шуда, пайванди илм бо истеҳсолот амалӣ карда мешавад.
Бояд иброз намуд, ки барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба пайвасти илм бо истеҳсолот дар Парки технологии назди донишгоҳ мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ошхона, роҳаткурсиҳо барои толорҳои маҷлисӣ, минбарҳо, ҷевон барои китоб ва рахти хоб истеҳсол шуда, шиору овезаҳо нашр мешаванд.
Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон яке аз паркҳои муваффақ дар байни паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






