Дар Чин бар асари тӯфон садҳо парвоз қатъ гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тӯфони рӯзи шанбе дар Пекин ва Чини Шимолӣ баамаломада садҳо парвоз қатъ ва ҳаракати қатораҳо манъ гардид, хабар медиҳад агентии «Kazinform» бо истинод ба «BBC News».
Ба маълумоти агентии иттилоотии «Reuters», рӯзи шанбе то соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ дар ду фурудгоҳи бузурги пойтахт 838 парвоз мавқуф гузошта шуд.
Шиддати шамол бо суръати то 93 мил (150 км/соат) — пурқувваттарин шамол дар пойтахти Чин дар муддати беш аз ним аср рӯзҳои истироҳатӣ низ идома ёфт, ки сабаби баста шудани мавзеъҳои тамошобоб ва маконҳои таърихӣ гардид.
Рӯзи ҷумъа миллионҳо нафар маҷбур шуданд, ки дар дохили хона бимонанд ва баъзе расонаҳои давлатӣ ҳушдор доданд, ки шамол одамонеро, ки вазнашон аз 50 кг камтар аст, метавонад «ба осонӣ тела диҳад».
Тавре қаблан хабар расида буд, дар баъзе минтақаҳои халиҷи Бохай, Баҳри Зард ва Баҳри Чини Шарқӣ тӯфонҳо бо шиддати то 13 дараҷа пешбинӣ шудаанд.
Дар Чин низоми чаҳорсатҳаи огоҳкунандаи обу ҳаво амал менамояд: ранги сурх баландтарин буда, пас аз он норинҷӣ, зард ва кабуд меистанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2024 дар Чин бар асари бориши шадид сатҳи хатари норинҷӣ эълон шуда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






