Дар доираи Ҳафтаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ – «ICT Week-2025» ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 11, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар самти технологияҳои иттилоотӣ қадамҳои муассир мегузорад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар доираи Ҳафтаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ – «ICT Week-2025»  дар шаҳри  Душанбе бо иштироки коршиносон, ширкатҳо ва аҳли ҷомеа баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони  ҳамоиш доир ба бозомӯзии барномасозон, механизмҳои алтернативии маблағгузорӣ ба стартапҳо, зеҳнӣ сунъӣ ва ғайра табодули андеша намуданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки  Тоҷикистон ба сӯи рушди технологияҳои  рақамӣ фаъолона ҳаракат менамояд ва бояд дар оянда яке аз пешсафони ин соҳа дар минтақа гардад. Барои ин андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур аст.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд