Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳафтаи илм оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Ҳамгироии илмҳои гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни конфронс иштирокчиён аз дастгирию ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуданд.
Бо назардошти аҳамияти ин масъала барои баланд бардоштани мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Дар ин замина дар муассисаҳои миёна ва олии мамлакат имконот ва захираи калони илмӣ бештар гардида, муҳаққиқон, ихтироъкорон, навоварон ва донишмандони соҳаҳои гуногун дар пешрафт ва рушди илми тоҷик саҳми арзишманд мегузоранд.
Инчунин таъкид гардид, ки вохӯрии Сарони давлатҳои ҳамсоя дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва кушодашавии марзи Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо дар беҳбуди рӯзгори мардуми ҷонибҳо, балки дар рушди илми тоҷик низ замина мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки конфронс бахшида ба оғози Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон то 26 апрел идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






