Дар дурдасттарин деҳаи Қаратоғ бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
ТУРСУНЗОДА, 27.04.2025 /АМИТ«Ховар»/. Дар деҳаи Шӯрхоки Ҷамоати деҳоти Қаратоғ сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и идома дошта, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бунёди бинои нави муассиса сокинон ва фаъолони деҳа низ ба тариқи ҳашари дастҷамъона саҳм мегузоранд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Бинои нави таълимӣ аз 8 синфхона бо 192 ҷойи нишаст иборат буда, дар муҳлати муайян сохта, ба истифода дода мешавад. Дар айни замон таҳкурсии бино бунёд гардида, корҳои ҳамворкунии саҳни он идома доранд. Тибқи иттилои масъулин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми сокинони бонанги деҳаи Шӯрхок бинои нави муассиса бо сифати хуб ва сари вақт мавриди истифодаи хонандагон қарор мегирад.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинон ва фаъолони деҳа дар бунёди бинои нави муассиса ба тариқи ҳашари дастҷамъона саҳм мегузоранд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






