Дар дурдасттарин деҳаи Қаратоғ бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад

Апрель 27, 2025 10:30

ТУРСУНЗОДА, 27.04.2025 /АМИТ«Ховар»/. Дар деҳаи Шӯрхоки Ҷамоати деҳоти Қаратоғ сохтмони бинои  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и идома дошта, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бунёди бинои нави муассиса сокинон  ва фаъолони  деҳа низ  ба тариқи ҳашари дастҷамъона саҳм  мегузоранд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Бинои нави таълимӣ аз 8 синфхона бо 192 ҷойи нишаст иборат буда, дар муҳлати муайян сохта, ба истифода дода мешавад. Дар айни замон таҳкурсии бино бунёд гардида, корҳои ҳамворкунии саҳни он идома доранд. Тибқи иттилои масъулин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми сокинони бонанги деҳаи Шӯрхок бинои нави муассиса бо сифати хуб ва сари вақт мавриди истифодаи хонандагон қарор мегирад.

Ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинон ва фаъолони деҳа  дар бунёди бинои нави муассиса ба тариқи ҳашари дастҷамъона саҳм  мегузоранд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани  сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 27, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст