Дар Душанбе доир ба иқтисодиёти рақамӣ ҳамоиш баргузор шуд

Апрель 3, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе доир ба вазъи кунунии рушди рақамӣ дар мамлакат таҳти унвони «Рушди глобалии иқтисодиёти рақамӣ ва таъсири он ба низоми иқтисодии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи асосии ҳамоиш аз муайян намудани ҳадафҳои асосии муваффақияти табдили рақамӣ, арзёбии вазъи кунунии рушди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии иттилоотӣ ва таълимии табдили рақамӣ иборат буд.

Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номзади илмҳои иқтисодӣ  Ораз Муртазозода иброз намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ иқтисодиёти рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисод ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот табдил ёфтааст.

«Рақамигардонӣ яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз давлатҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои гуногун – иқтисод, маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи бештар медиҳанд»,-гуфт Ораз Муртазозода.

Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба рушд дар самти иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои муайян гузоштааст. Эълон намудани солҳои 2025 – 2030 чун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия аз ҷумлаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад, ки он дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон ҳамчунин доир ба рушди технологияи рақамӣ,  нишондиҳандаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ дар заминаи ҷаҳонишавии иқтисоди рақамӣ, Тоҷикистон дар ҳошияи раванди рақамигардонии ҷаҳонӣ ва дигар мавзуъҳо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст