Дар Душанбе доир ба масъалаи равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи тиб ҳамоиш доир шуд

Апрель 26, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар шаҳри Душанбе  ҳамоиши XX илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён таҳти унвони «Технологияҳои зеҳнӣ дар таҳсилот ва илми тиб: Равишҳои инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш истифодаи васеи имконияти зеҳни сунъӣ ва истифодаи технология дар соҳаи тиб мебошад. Зеро технологияҳои имрӯза дар таҳсилоти муосир нақши муҳим мебозанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки сифати таълим ва тадқиқоти илмӣ беҳтар гардад.

Ректори донишгоҳ, профессор Нуриддин Муҳиддин иброз намуд, ки «инноватсия ба мо имкон медиҳад дар рушди ҷомеа саҳм гузорем. Дар ҷаҳони муосир, ки босуръат тағйир ёфта, рушд мекунад, навоварӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо гаштааст. Аз ин рӯ инноватсия амалӣ  намудани идеяҳо, технологияҳо ва равандҳои нав мебошад, ки  дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти мо пешрафт ва такмили бештар ба миён меорад».

Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки рушди соҳаи тиб низ ба технологияи имрӯза алоқаманд мебошад. Маҳз навовариҳо метавонанд ҷанбаҳои гуногуни мавҷудияти ҳаррӯзаи моро тағйиру такмил диҳанд. Масалан, дар тиб навоварӣ имкон медиҳад, ки тарзи омода намудани доруҳо, табобат ва технологияҳои нави тиббӣ таҳия карда шавад ва ташхису табобати бемориҳои гуногун самараноку дақиқ гардад.

 АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

 

 

Апрель 26, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид