Дар Душанбе таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи «сабз»» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид

Апрель 15, 2025 18:19

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз», бахшида ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, конфронсро ректор Убайдулло Асрорзода оғоз намуда, доир ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, татбиқи амалии Ҳадафҳои рушди устувор ва рушди иқтисоди сабз суханронӣ намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ доир ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти дипломатияи сабз ва мубориза бо тағйирёбии иқлим, инчунин натиҷаҳои ин ташаббусҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нақши онҳо дар боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ибрози назар намуд.

Дар идомаи кори конфронс намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди сабз, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин таҷрибаи кишварҳои худ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор суханронӣ карданд.

Ҳамчунин дар доираи конфронс ҷаласаи пленарӣ баргузор гардид, ки дар он маърӯзаҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва молиявӣ шунида шуданд.

Кори конфронс дар 7 бахши алоҳида, ки ба ҷабҳаҳои гуногуни татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва пешбурди дипломатияи сабз дар сатҳи байналмилалӣ ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буданд, бо шунидани 46 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби муҳаққиқони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон идома ёфт.

Дар анҷоми конфронс саволу ҷавоб ва музокирот баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 15, 2025 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид