Дар Душанбе оид ба ояндаи таҳсилоти эҷодӣ ва дизайн конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Ояндаи таҳсилоти эҷодӣ: нуқтаҳои ба ҳам омадани санъат, илм ва дизайн» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки мақсади конференсия аз он иборат аст, ки муҳити илмӣ ва эҷодиро барои мубодилаи таҷриба ва андешаҳои муосир байни олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаҳои санъат, дизайн ва илм фароҳам оварад. Ин ҳамоиш имкони таҳқиқ ва баррасии равандҳои навини рушди таҳсилоти эҷодӣ ва имконияти муттаҳидсозии донишҳои илмӣ ва эҷодиро дар шароити замони муосир фароҳам меорад.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Нақши санъати ороиши амалӣ дар таълим ва тарбияи донишҷӯён», «Заминаҳои инкишофи фаъолияти иқтисоди хориҷии корхонаҳо» ва «Санъати интерактивӣ: чӣ гуна технологияҳо таъсири мутақобилро бо асарҳои санъат тағйир медиҳанд» маърузаҳо шунида шуданд.
Дар конференсия инчунин омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург, Институти дизайни муҳити фазоӣ, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии меъморӣ, дизайн ва санъати Новосибирск ба номи A. Д. Крячкова, Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро, Донишгоҳи «ЯНГИ АСР»-и шаҳри Тошканд ва Институти меъморӣ ва санъати Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон ба тариқи маҷозӣ маърузаи илмӣ намуданд.
Конференсия дар бахшҳои «Мероси миллӣ ва рушди устувор тавассути санъат ва илм, «Маорифи Steam: мутобиқсозии таҷрибаи ҷаҳонӣ ба шароити иловагӣ», «Рушди иқтисоди эҷодӣ ва рақамисозӣ дар Тоҷикистон» ва «Дизайн ҳамчун забони оянда: нақши он дар маориф» идома намуд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






