Дар Душанбе татбиқи тавофуқот аз натиҷаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд

Апрель 18, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба татбиқи тавофуқот аз натиҷаи музокироти сатҳи олии 17 марти соли 2025 баргузоршуда мавриди баррасӣ дода шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Русия табодули афкор карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 18, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд