Дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид

Апрель 14, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар вохӯрӣ намояндагон аз 10 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуда, масъалаҳои аудити захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, устувории истифодаи захираҳои об ва аудити соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба аудити якҷоя дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои давраи солҳои 2025-2027-ро баррасӣ намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза ба яке аз масъалаҳои муҳим- аудити захираҳои обӣ бахшида шуда, фурсати муносиб барои рафъ намудани мушкилот, тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мебошад.

Мавзуи ин ҳамоиш дар замоне матраҳ мегардад, ки аҳамияти захираҳои обӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии давлатҳо, махсусан дар минтақаҳои осебпазир бештар мегардад.

«Мо имрӯз дар шароите қарор дорем, ки мақоми аудит самти стратегӣ ва муҳим барои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлатҳо ба ҳисоб меравад. Зеро ин соҳа на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва таъмини устувории рушди минтақа кумак мерасонад»,-изҳор дошт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда, захираҳои об дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти давлатҳо нақши муассир доранд. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқ мебошанд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои пешсафе мебошад, ки бо дарки масъулияти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ якчанд ташаббуси муҳими стратегӣ пешниҳод ва татбиқ намудааст.

«Соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузории конференсияи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба ҳифзи сарчашмаҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд. Дар ин конференсияи сатҳи ҷаҳонӣ намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ин масъалаи муҳимро баррасӣ менамоянд»,- баён дошт Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода.

Иштирокчиён иброз намуданд, ки ҳадафи асосии баргузор намудани аудити босифат- ин беҳгардонии ҳаёти шаҳрвандон ва ҳимоя намудани захираҳои обӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки он мебошад.

Тасдиқи воқеаҳо нишон медиҳад, ки захираҳои обӣ дар баробари афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим ба рушди соҳаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки давоми даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағйирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯии коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн меравад. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, барои гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ ҳамаи давлатҳоро зарур аст дар ин самт фаъол бошанд.

«Мо боварӣ дорем, ки танҳо бо ҳамгироӣ ва саъю кӯшишҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ ва бахши хусусӣ метавонем захираҳои обиро самаранок истифода намоем ва барои наслҳои оянда боқӣ гузорем»,-баён доштанд иштирокчиён.

Гуфта шуд, ки баргузории аудити мунтазам дар самти захираҳои обӣ метавонад ба сиёсати обии устувор ва боэътимод, инчунин мубориза бо хавфҳои экологӣ ва иқтисодӣ замина гузорад.

Ёдовар мешавем, ки ин вохӯрӣ дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба роҳи ҳал ва дарёфти усулҳои рафъи мушкилот вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд.

Вохӯрии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Имсол раёсати ҳафтуми онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошта, он то 15 апрел идома меёбад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 14, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд