Дар Хуҷанд ғолибони олимпиадаи минтақавӣ қадрдонӣ карда шуданд

Апрель 3, 2025 15:17

ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд  Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Олимпиада бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи зеҳнӣ 250 хонанда аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд бо ҳам рақобат намуданд. Барои баҳогузории холисона ва касбии сатҳи дониши иштирокчиён ҳайати доварон аз ҳисоби омӯзгорони варзидаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ҷалб карда шуд.

Дар асоси натиҷаҳои ҷамъбасти озмун ғолибон бо «Ҷоми раёсати ДБССТ», Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Доир намудани ин озмун бори дигар аҳамияти олимпиадаҳоро дар кашфи истеъдодҳои ҷавон, рушди тафаккури илмӣ ва ташаккули насли донишманду ояндасоз собит намуд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад