Дар Хуҷанд Олимпиадаи минтақавии хонандагон барои дарёфти «Ҷоми Раёсати ДБССТ» оғоз гардид

Апрель 2, 2025 17:48

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанди назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.

Дар олимпиада, ки бо мақсади рушди малакаҳои зеҳнӣ ва тақвияти дониши хонандагон доир мегардад, беш аз 200 хонанда аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доранд. Иброз гардид, ки олимпиадаҳои фаннӣ воситаи муҳим барои ташаккули қобилияти таҳлилӣ ва эҷодии хонандагон ба шумор рафта, дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маърифат» гузаронида мешаванд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пайваста барои рушди истеъдодҳои ҷавон шароити мусоид фароҳам меорад. Олимпиада барои таҳкими донишу маҳорати иштирокдорон заминаи устувор гузошта, онҳоро дар оянда ҳамчун муҳаққиқони соҳибистеъдод ва мутахассисони арзанда ба ҷомеа пешниҳод менамояд.

Баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, таҳкими дониш ва омодасозии онҳо барои саҳмгузорӣ дар пешрафти илм ва иқтисодиёти мамлакат аз ҳадафҳои асосии олимпиада арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки ғолибони олимпиада бо Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шаванд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Апрель 2, 2025 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад