Дар Ҳисор маҳфил-озмуни «Шоҳнома Ватан аст!» оғоз гардид

Апрель 24, 2025 14:51

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел дар шаҳри Ҳисор байни хонандагони синфҳои 2 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои шаҳр таҳти унвони «Шоҳнома Ватан аст!» даври якуми маҳфил – озмуни  «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Маҳфил – озмуни  «Шоҳномахонӣ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ташкил шуда,   аз рӯи номинатсияҳои «Байтбарак», «Беҳтарин донандаи Шоҳнома» ва «Шоҳномахони беҳтарин» гузаронида мешавад.

Даври якуми озмун то нимаи моҳи май идома ёфта, ғолибони даври якум ба даври дуюм, ки 10-11 июн баргузор мешавад, пешниҳод мегарданд.

Ҳайати комиссия аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи адабиёт, таърих, фарҳанг, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони Китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Ҳисор таъсис шудааст.

Дар озмун аз ҷониби ҳакамон ба ҳозирҷавобии иштирокчиён баҳогузорӣ шуда, инчунин барои беҳтар муайян намудани дониши иштирокчиён аз асарҳои гаронарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саволҳо пешниҳод мегарданд.

Ҳадафи маҳфил-озмун амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғи идеяҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон барои андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайра мебошад.

Бояд гуфт, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат қабл аз ҳама ҳисси ватандӯстии мардумро зиёд мегардонад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

       

 

 

Апрель 24, 2025 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд