Дар Конибодом Фестивали шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» доир гардид

Апрель 8, 2025 10:09

ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Фестивали шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом  иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин фестивал тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ мебошад. Инчунин ба воситаи он сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, сатҳи маърифати экологӣ ва тозагии муҳити зист, ободу зебо намудани хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, вилоят ва ҷумҳурӣ бештар ҷалб мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 инҷониб дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом 

Апрель 8, 2025 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст