Дар Москва ба муносибати 25-солагии таъсиси Ташкилоти заминавии кор бо забонҳо ва фарҳангҳои кишварҳои ИДМ чорабинӣ баргузор гардид

Апрель 4, 2025 20:24

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ташкилоти заминавии кор бо забонҳо ва фарҳангҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори Русия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла нависандагон, олимону муҳаққиқон, омӯзгорони муассисаҳои олии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин намояндагони корпуси муқими дипломатӣ, диаспораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева бо ифтихор дар бораи Маркази забони тоҷикӣ ва фарҳанг, ки дар Донишгоҳ аз соли 2013 фаъолият дорад, сухан гуфт.

Ӯ муҳимияти омӯзиши забон ва фарҳанги давлатҳои дӯст ва бародарро, ки шарикии стратегӣ доранд, зикр намуд.

Дар қисмати дигари форум панели мубоҳисавӣ дар мавзуи «Диаспора ва муоширати байнифарҳангиву иртибот миёни наслҳо: мерос ва ояндаи умумӣ» доир шуд.

Баъд аз қисми расмии чорабинӣ донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои шаҳри Москва иштирокдоронро бо фарҳангу санъати волои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо метавонад дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории манфиатбахш байни донишҷӯёни тоҷик ва донишҷӯёни давлатҳои дигари иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат намояд.

Дар фарҷом аз номи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷик Сайёра Ашрапова Сипоснома тақдим карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Апрель 4, 2025 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид