Дар неругоҳи «Сангтӯда-1» аудити Низоми идоракунии экологӣ гузаронида шуд

Апрель 9, 2025 18:15

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» аудити даврии  Низоми идоракунии экологӣ (НИЭ) барои мутобиқат ба талаботи стандарти байналмилалии ISO 14001:2015 гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санҷиш нишон дод, ки Низоми идоракунии экологии Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» пайваста дар ҳолати такмил қарор дошта, тавассути ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои экологӣ, ки ба  принсипҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ, инчунин кам намудани таъсири эҳтимолии манфӣ ба муҳити зист асос ёфтаанд, самаранок фаъолият менамояд.

Аудитро мутахассисони Ташкилоти байналмилалии сертификатсионӣ — DQS анҷом доданд. Гурӯҳи аудиторҳо ҷанбаҳои муҳими экологӣ, татбиқи барномаи чорабиниҳо барои расидан ба ҳадафҳои экологӣ ва риояи талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро мавриди санҷиш қарор доданд.

Аудиторҳо махсусан таъкид намуданд, ки  дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» корҳои мунтазами баланд бардоштани амнияти иншооти гидротехникӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳудуди неругоҳ вазъи экологӣ беҳтар шуда, корҳои сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва барқарорсозии заминҳо (рекултиватсия) гузаронида мешаванд.

Натиҷаҳои аудити назоратӣ собит намуданд, ки Низоми идоракунии экологии Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба тамоми талаботи стандарти байналмилалии ISO 14001:2015 ҷавобгӯ мебошад.

Низоми идоракунии экологӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» аз соли 2015 амал намуда, ҳар сол ҷамъият мутобиқати онро ба талаботи стандарт тавассути гузаронидани аудитҳо муваффақона тасдиқ менамояд.

Натиҷаҳои мусбати сертификатсия нишони онанд, ки фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» дар самти ҳифзи муҳити зист ба меъёрҳои баланди байналмилалӣ мутобиқ аст.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд