Дар ноҳияи Кӯшониён дар 320 гектар гармхона бунёд карда шудааст
ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар 320 гектар гармхона бунёд намудаанд, ки дар он сабзавоти ба талаботи бозори истеъмолӣ мувофиқ кишт мегардад. Дар айни замон дар ин гармхонаҳо коркард ва банду басти сабзавоти барвақтӣ, аз қабили бодиринг, помидор ва қаламфури булғорӣ идома дошта, нашъунамо дар ҳолати хуб қарор дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳамасола дар ин гармхонаҳо даҳҳо номгӯй сабзавот кишту парвариш гардида, бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин мегарданд.
Сокини Ҷамоати «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён Ҷӯрабой Аслев дар 12 садяк замин, ки аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигияш аст, гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Ҳоло дар он бодиринг ва помидор парвариш карда мешавад. Дар ин гармхона аллакай ҷамъоварии ҳосили бодиринг оғоз гардидааст.
Хоҷагидорони ноҳия дар аксар заминҳои корами обӣ ба кишти пунбадона оғоз намудаанд. Кишоварзон имсол навъҳои пунбадонаи «Майа» ва «Флора» кишт кардаанд, ки тибқи тавсияи мутахассисон ин навъҳо ба заминҳои ин минтақа мувофиқ мебошанд.
Тибқи иттилои саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоло дар беш аз 5 гектар картошка кишт шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






