Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ дар 12 ҳазору 440 гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024 2 ҳазор гектар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ноҳияи Мастчоҳ яке аз минтақаҳои асосии пахтакор ба шумор рафта, ҳамасола дар он масоҳати кишти ин зироати муҳими стратегӣ зиёд мегардад. Инчунин барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ чораҳои судманд амалӣ гардонида мешаванд.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия таҷҳизоти нав насб шуда, иқтидори мавҷуда самаранок истифода мешавад.
Кишоварзони ноҳия талош доранд, ки кишти пунбадонаро сари вақт ва бо риояи талаботи агротехникӣ ба анҷом расонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






