Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад

Апрель 19, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ дар 12 ҳазору 440 гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024  2 ҳазор гектар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз минтақаҳои асосии пахтакор ба шумор рафта, ҳамасола дар он масоҳати кишти ин зироати муҳими стратегӣ зиёд мегардад. Инчунин барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ чораҳои судманд амалӣ гардонида мешаванд.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия таҷҳизоти нав насб шуда, иқтидори мавҷуда самаранок истифода мешавад.

Кишоварзони ноҳия талош доранд, ки кишти пунбадонаро сари вақт ва бо риояи талаботи агротехникӣ ба анҷом расонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Апрель 19, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад