Дар ноҳияи Муъминобод кишти зироати кишоварзӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Муъминобод дар се моҳи аввали имсол дар 1 ҳазору 231 гектар кишти зироати кишоварзӣ ба анҷом расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 386 гектар зиёд мебошад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар 1008 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо, дар 54 гектар зироати техникӣ, дар 70 гектар картошка, дар 57 гектар сабзавот, дар 8 гектар полезӣ ва дар 36 гектар зироати хӯроки чорво кишт шудааст.
Инчунин дар ин давра истеҳсоли гӯшт 1120 тонна, шир 3464 тонна ва тухм 918 ҳазору 600 донаро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи соли 2024 гӯшт 104 фоиз, шир 105,7 фоиз ва тухм 100,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ноҳияи Муъминобод кишти дигар навъҳои зироати кишоварзӣ низ идома дорад.
АКС:АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд






