Дар ноҳияи Муъминобод кишти зироати кишоварзӣ идома дорад

Апрель 27, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2025  /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Муъминобод дар се моҳи аввали имсол дар 1 ҳазору 231  гектар кишти зироати кишоварзӣ ба анҷом расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  386  гектар зиёд мебошад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар 1008 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо,  дар 54 гектар зироати техникӣ, дар 70 гектар картошка, дар 57 гектар сабзавот,  дар 8 гектар полезӣ ва дар 36 гектар зироати хӯроки чорво  кишт шудааст.

Инчунин дар ин давра истеҳсоли гӯшт 1120 тонна, шир 3464 тонна ва тухм   918 ҳазору 600  донаро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи соли 2024  гӯшт 104 фоиз, шир 105,7 фоиз ва тухм 100,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Муъминобод кишти дигар навъҳои зироати кишоварзӣ низ идома дорад.

АКС:АМИТ «Ховар»

 

Апрель 27, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад