Дар ноҳияи Рӯдакӣ дурнамои кишти чигит сари вақт иҷро мегардад
РӮДАКӢ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ имрӯзҳо бо истифода аз ҳавои мусоид дар зиёда аз 250 гектар чигит кишт намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Мувофиқи дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, дар мавсими имсола бояд дар 350 гектар заминҳои сохтори кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии ноҳияи Рӯдакӣ чигит кишт шавад. Хушбахтона, бо мусоид омадани ҳаво кишоварзон пунбадона ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро сари вақт кишт менамоянд.
Бояд гуфт, ки кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии ҳукумат- амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Аз ин рӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои вусъати майдонҳои кишт, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, таъмини техника ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани заминҳои киштшаванда пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.
Аз ин хотир дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кишти чигит идома дошта, то охири моҳ нақшаи дурнамо 100% иҷро мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






