Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» доир шуд

Апрель 8, 2025 14:30

РӮДАКӢ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ва барои вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии мамлакат дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҳти унвони «Сайри гули лола» фестивали гулҳо баргузор гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар фестивал аз ҷониби гулпарварони ноҳия навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ ва аз тарафи ҳунармандон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд, ки ҳакамон ва меҳмонон  ба он баҳои баланд доданд.

Ҳадафи асосии баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва  сатҳи маърифати экологии сокинон нисбат ба тозагии муҳити зист мебошад.

Ғолибони фестивали «Сайри гули лола»  аз рӯйи 6 номинатсия  муайян ва  бо «Диплом»-и дараҷаи 1, «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Апрель 8, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид