Дар ноҳияи Зафаробод Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид, ки имрӯз маросими ҷамъбастии он доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод иттилоъ доданд, 5 апрел дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Ғазал гуфтию дурр суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз» ҳамоиши фарҳангӣ — адабӣ доир гардид.
Директори Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Зафаробод Адиба Хоҷаева иброз дошт, ки мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад.
Муҳимтарин вазифаи фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоиписандӣ, худшиносӣ, ифтихор аз Тоҷикистон, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Тоҷикистон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






