Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Бозгашт» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Бозгашт» намоиши асарҳои санъати тасвирии тармимшуда ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.
Дар намоиши «Бозгашт» аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ бори нахуст зиёда аз 17 асари нодири санъати тасвирие, ки солҳои 1911-1974 аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон Моргунов А, Лонин В, Зубреева М, Камелин А, Серебрянский Б, Раҳимов А, Сидоренко В, Бровидский В, Барто С, Буртсев Е. ва дигарон офарида шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Аҳамияти таърихии намоиш дар он аст, ки ин асарҳои нодир аз солҳои 60-уми асри XX то инҷониб ба намоиш бароварда нашуда буданд. Аз ин рӯ, пас аз тармиму таҳкими пурра аз ҷониби тармимгарону мутахассисони Осорхонаи миллӣ онҳо бори нахуст дар шакли намоиши осорхонавӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, мавзуъҳои табиати нотакрори диёр, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, дӯстии халқҳо, об, расму оин, анъанаҳо ва дигар унсурҳои миллӣ инъикос ёфтаанд.
Намоиши асарҳои санъати тасвирии тармимшуда таҳти унвони «Бозгашт» то 22 апрел идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






