Дар Палатаи ҳисоб бо иштироки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои СҲШ ҳамоиш доир шуд

Апрель 18, 2025 12:39

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вохӯрии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 15 апрел дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи  Палатаи ҳисоби  Тоҷикистон хабар медиҳад

Дар ҳамоиш иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мебошад ва захираҳои об, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти давлатҳо нақши муассир доранд, ба тариқи рӯнамо ба роҳбарони мақомоти олии аудити 10 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муаррифӣ гардид.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои пешсафе мебошад, ки бо дарки масъулияти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ чандин ташаббусҳои муҳими стратегӣ пешниҳод ва татбиқ намудааст.

Ҳамчунин ба меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб китоби «Тоҷикон» бо забонҳои русӣ ва англисӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки 14-15 апрел дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои аудити захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, устувории истифодаи захираҳои об ва аудити соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба аудити якҷоя дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои давраи солҳои 2025-2027 баррасӣ шуданд.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 18, 2025 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд