Дар Рӯзи пойтахт ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи маориф қадрдонӣ гардиданд

Апрель 22, 2025 09:55

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш» барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ғолибони озмунҳои шаҳрии стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд. Ин иқдом нишони дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои ҷавон, арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон ва талошҳои донишомӯзон мебошад, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Муассисаи Давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат Иброҳим Ибрагимов хабар дод.

Бояд таъкид намуд, ки 31 хонанда ва Муҳаммадзариф Зарифов – омӯзгори фанни биологияи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар ин барнома иштирок намуда, ҳамчун ғолибони озмунҳои шаҳрӣ муаррифӣ гардиданд.

Аз ҷумла, 26 нафар ҳамчун ғолиби озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, 5 нафар чун ғолиби озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва 1 нафар ҳамчун ғолиби озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» муаррифӣ гардида, бо мукофот сарфароз гардонида шуданд.

Натиҷаҳои бадастомада нишонаи заҳмату талош, кӯшишҳои пайвастаи омӯзгорону хонандагон ва ҳамзамон робитаи зичи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2025 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд