Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ташриф оварда, дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин ҳамоиш роҳбарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ, Раиси Шурои Аврупо Антониу Кошта, Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва дигар шахсони расмӣ иштирок хоҳанд дошт.
Дар ҳошияи ҳамоиш, ки таҳти шиори «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор мегардад, ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






