Дар шаҳри Бӯстон доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ / «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир ба масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ падидаи нодир маҳсуб шуда, ҳамчун пойдевор ва рамзи ҳастии миллат арзиши бағоят бузург доранд. Дар ин замина ҳимоя ва гиромидошти ин дастовардҳои миллӣ қарзи фарзандии ҳар фарди баору номуси ин сарзамин мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи бузургу пуриқтидор табдил ёфта, дар таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзу пойдории Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ нақши калидӣ дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






