Дар шаҳри Бӯстон доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамоиш доир гардид

Апрель 21, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ / «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир ба масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ падидаи нодир маҳсуб шуда, ҳамчун пойдевор ва рамзи ҳастии миллат арзиши бағоят бузург доранд. Дар ин замина ҳимоя ва гиромидошти ин дастовардҳои миллӣ қарзи фарзандии ҳар фарди баору номуси ин сарзамин мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба неруи бузургу пуриқтидор табдил ёфта, дар таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзу пойдории Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ нақши калидӣ дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

 

Апрель 21, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад