Дар шаҳри Хива ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд

Апрель 15, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Қабл аз оғози ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов аз мавзеъҳои таърихӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва сайёҳии шаҳри Хива боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихии Ичан-Қалъа, Қасри Нуриллабой, маркази сайёҳии Арда ва намунаҳои хурокҳои миллию мардумии Узбекистон шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шаҳри Хива яке аз шаҳрҳои қадимии Ҷумҳурии Узбекистон ба шумор рафта, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии он асрҳои гуногунро фаро мегиранд.

Сипас, дар шаҳри Хива таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ҳар ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев — ҳамкории стратегии Тоҷикистону Узбекистон дар солҳои охир бо суръат рушд мекунад.

Аз натиҷаи гуфтушунидҳои судманд, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардиданд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд.

Дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда дар раванди ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ санади дахлдор ба имзо расонида шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду давлат иштирок намуданд.

 

Апрель 15, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад