Дар шаҳри Панҷакент боғи тамашк бунёд мешавад

Апрель 9, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар канори токзори навбунёди хавозавии деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нахустин боғи тамашк (малина) бунёд мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, 6 апрел кишоварзон дар 20 ҳисса замин ба шинонидани ниҳоли ин меваи буттагӣ шуруъ намуданд.

Ниҳоли навъи интенсивии ин мева, ки аз тариқи хавоза парвариш карда мешавад, нисбат ба навъи маъмулӣ зудрас ва серҳосил буда, дар ҳамкорӣ бо кишоварзони ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дастрас шудааст.

Бояд гуфт, ки тамашк ба ҷуз хуштаъм буданаш хосияти давоӣ низ дорад. Он барои шамолзанӣ, коҳиши ҳарорати баланд, хуб намудани кори дилу рагҳо ва тоза кардани рагҳои хунгард истифода шуда, аз он шарбату мураббо низ омода менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 9, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст