Дар шаҳри Турсунзода озмуни «Пайроҳаи таърих» оғоз ёфт

Апрель 10, 2025 18:30

ТУРСУНЗОДА, 10.04.2025 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода аз рӯи шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» озмуни «Пайроҳаи таърих» оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Озмуни «Пайроҳаи таърих» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ доир мегардад. Дар он зиёда аз сад даста аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва сарбозону афсароне, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, бо ҳам рақобат намуда, донишҳои таърихии худро такмил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки асари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров натиҷаи меҳнати илмии тӯлонӣ, таҳқиқоти васеъ ва дарки амиқи воқеияти таърихии халқи тоҷик буда, дар он масири пуршебу фарози таърихи миллати куҳанбунёди мо бо далелҳои муътамад ва сабку услуби баланди илмӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Китоби «Тоҷикон» танҳо як асари таърихӣ не, балки ҳуҷҷати воқеии ташаккули ҳувияти миллӣ ва манбаи ифтихори насли имрӯзу фардои миллат тоҷик аст.

Ин шоҳасар имкон медиҳад, ки мо таърихи худро аз дидгоҳи илмӣ бишносем, аз қаҳрамониҳои ниёгони худ сабақ гирем ва дар заминаи худшиносӣ ва худогоҳӣ масъулияти хешро дар назди Ватану миллат амиқтар дарк намоем.

Ғолибони озмуни «Пайроҳаи таърих» дар шаҳри Турсунзода сазовори туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 10, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд