Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд

Апрель 15, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Левакант ва Кӯшониёни вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз паҳншавии малах корҳои безараргардонӣ идома доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, барои сари вақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзор аз зарари малахи марокашӣ, инчунин ҳалли мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах тамоми тадбирҳо амалӣ гардонида мешаванд.

Ба тавсияи мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефарояд.

Барои пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳо Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шудааст.

Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон вазифадор карда шудааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин дар ҳар шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян карда, дар ин мавзеъҳо коркарди техникӣ гузаронанд. Инчунин барои  сари вақт таъмиру омода кардани техникаю механизмҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои зарурӣ андешад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Апрель 15, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид