Дар Тоҷикистон 3780 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат 3780 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои истихроҷ 349 адад, коркард 3257 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият менамоянд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аз ин шумора 1242 адад ё 32,9 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд, 866 адад ё 22,9 фоиз ба вилояти Хатлон, 822 адад ё 21,7 фоиз ба шаҳри Душанбе, 708 адад ё 18,7 фоиз ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 142 адад ё 3,8 фоиз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш дар маҷмуъ қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд






