Дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон «Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ (2025-2026)» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсад аз баргузории фестивал тақвияти фаъолият ва густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои пешрафта мебошад.
Фестивал бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он шинос намудани ҷавонону наврасони мамлакат бо дастоварду имконияти донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ мебошад.
Ҳадафи фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ инчунин омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, фароҳам овардани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мебошад.
Дар намоишгоҳ намояндагони донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё, Аврупо, Амрико ва дигар давлатҳои хориҷӣ, инчунин намояндагони вазоратҳо, донишгоҳҳо, донишҷӯён ва хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар ин намоишгоҳ 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазокистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок менамоянд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






