Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 6 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар фестивали байналмилалӣ намояндагони театрҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Русия иштирок менамоянд.
Ҳадафи фестивал густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат то соли 2011 баргузор мегардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






