Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад

Апрель 22, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 6 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ  «Наврӯз» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар фестивали байналмилалӣ намояндагони театрҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Русия иштирок менамоянд.

Ҳадафи фестивал густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ  «Наврӯз» дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат то соли 2011  баргузор мегардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 22, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад