Дар Тошканд тавсеаи ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Узбекистон дар меҳвари мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Тимур Ишметов дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории низоми бонкии ду давлатро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии баимзорасида, аз ҷумла созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи назорати иштирокчиёни бозори хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ, назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, инчунин зарурати афзоиши шабакаи муносибатҳои муросилотӣ байни низомҳои бонкӣ, омӯзиши таҷрибаи тарафайн дар самти татбиқи стратегияи фарогирии молиявӣ ва тадқиқот муҳокима намуданд.
Такид шуд, ки Тоҷикистон бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва геополитикӣ, инчунин умумияти решаҳо ва робитаҳои таърихан ташаккулёфта байни халқҳои ҳарду давлати ба ҳам дӯст ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд бо Узбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки робитаҳои мустаҳками иқтисодӣ байни ду давлати ҳамсоя барои ҳамкории дарозмуддат байни низоми бонкӣ муҳим дониста мешавад.
Ҷонибҳо инчунин доир ба дигар самтҳои ояндадори ҳамкории низомҳои молиявии ҳар ду давлат, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ дар доираи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил бо асъори миллӣ, инчунин мубодилаи таҷриба бо истифода аз таҷрибаи гузаронидани машваратҳои дуҷониба, таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои таълимӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






