Дар Тошканд тавсеаи ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

Апрель 12, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Узбекистон дар меҳвари мулоқоти  муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Тимур Ишметов дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо  масъалаҳои густариши ҳамкории низоми бонкии ду давлатро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии баимзорасида, аз ҷумла созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи назорати иштирокчиёни бозори хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ, назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, инчунин зарурати афзоиши шабакаи муносибатҳои муросилотӣ байни низомҳои бонкӣ, омӯзиши таҷрибаи тарафайн дар самти татбиқи стратегияи фарогирии молиявӣ ва тадқиқот муҳокима намуданд.

Такид шуд, ки Тоҷикистон бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва геополитикӣ, инчунин умумияти решаҳо ва робитаҳои таърихан ташаккулёфта байни халқҳои ҳарду давлати ба ҳам дӯст ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд бо Узбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки робитаҳои мустаҳками иқтисодӣ байни ду давлати  ҳамсоя барои ҳамкории дарозмуддат байни низоми бонкӣ муҳим дониста мешавад.

Ҷонибҳо инчунин доир ба дигар самтҳои ояндадори ҳамкории низомҳои молиявии ҳар ду давлат, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ дар доираи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил бо асъори миллӣ, инчунин мубодилаи таҷриба бо истифода аз таҷрибаи гузаронидани машваратҳои дуҷониба, таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои таълимӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 12, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд