Дар Вашингтон ҷалби маблағгузорӣ ва татбиқи созишномаҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» баррасӣ шуд

Апрель 22, 2025 15:55

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҷалби маблағгузории иловагӣ, татбиқи созишномаҳои молиявии мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи шарикони рушд 21 апрел дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори минтақавии бахши инфрасохтории Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормэ муҳокима шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мулоқот дар доираи ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.

Чарлз Кормэ лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун  тарҳи муҳими минтақавӣ арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки ин неругоҳ на танҳо ба коҳиши норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро ба мамлакатҳои ҳамсоя содирот менамояд.

Вазири молия ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста ва саҳми назаррас дар пешбурди лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии вазоратро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки созишномаҳои молиявӣ баён намуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд