Дар Вашингтон ҷалби маблағгузорӣ ва татбиқи созишномаҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҷалби маблағгузории иловагӣ, татбиқи созишномаҳои молиявии мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи шарикони рушд 21 апрел дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори минтақавии бахши инфрасохтории Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормэ муҳокима шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мулоқот дар доираи ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.
Чарлз Кормэ лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун тарҳи муҳими минтақавӣ арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки ин неругоҳ на танҳо ба коҳиши норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро ба мамлакатҳои ҳамсоя содирот менамояд.
Вазири молия ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста ва саҳми назаррас дар пешбурди лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии вазоратро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки созишномаҳои молиявӣ баён намуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






