Дар вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи фестивал намоиш-фурӯши китобҳои бадеӣ баргузор гардид, ки аз он наврасон китобҳои тозанашр ва маҷаллаҳои кӯдаконаро дастрас намуданд.
Директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон Рухшонаи Шералӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ин фестивал-озмун арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллию умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва китобхонӣ мебошад.
Фестивал аз рӯи 5 номинатсия байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гузаронида мешавад. Инчунин давоми як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоишҳои гуногун идома меёбанд.
АКС: Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






